ФУТБОЛ. Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар бозии дӯстонаи дуюм бар дастаи Ҳонгконг пирӯз шуд

 Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) оид ба футбол бар дастаи Ҳонгконг пирӯз шуд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Бозӣ 19 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба фоидаи дастаи мо анҷом ёфт.

Аз ҳайати мунтахаби олимпии Тоҷикистон Амадонӣ Камолов ва Шаҳром Самиев гол заданд.

Қаблан бозии дӯстонаи якум миёни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҳонконг мусовӣ – 1:1 анҷом ёфта буд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE