Имрӯз «Амонатбонк», Хадамоти иҷро, Маркази миллии тестӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд
Имрӯз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк», Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» оид ба ҷамъбасти соли 2022 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» соати 09:00 дар ин бонк доир карда мешавад.
Иттифоқи «Тоҷикматлубот» нишасти матбуотиро соати 10:30 дар Иттифоқи «Тоҷикматлубот» баргузор менамояд.
Нишасти матбуоти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 13:00 дар маркази мазкур барпо мегардад.
Нишасти матбуотии Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соати 14:00 дар Хадамоти иҷро баргузор мешавад.