Мубоҳисаи панелӣ оид ба об, иқтисод ва тиҷорат дар СУС, ш. Женева
6 феврали соли 2023 дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар ш. Женева мубоҳисаи “Об, иқтисод ва тиҷорат: таҳқиқи ӯҳдадориҳо барои Конфронси оби СММ-2023” баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд.
Чорабинии мазкур бо ибтикори Намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистону Шоҳигарии Нидерландия ва бо дасттгирии СУС ташкил гардида, барои муҳокимаи ҷанбаҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва иқтисодии об, ва инчунин барои муаррифии натиҷаҳои фаъолияти Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об замина фароҳам овард.
Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шӯъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева Ҷамшед Ҳомидов зимни суханронӣ аҳаммияти масъалаи обро дар соҳаи амнияту иқтисодиёт таъкид карда, намояндагони кишварҳои узвро ба густариши талошҳо дар ҳалли мушкилоти об даъват намуд. Ҳамзамон, муҳим будани Даҳсолаи амал ва суръат бахшидан ба амалиёти ҷаҳонӣ оид ба масъалаҳои об қайд гардид.