Тоҷикистон ба Туркия кумаки аввалияи башардӯстона мерасонад

Ҷониби Тоҷикистон нақша дорад ба Туркия кумаки аввалияи башардӯстона расонад. Ин нукта 7 феврал дар мулоқоти роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъкид гардид, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Зимни мулоқот ҷониби Тоҷикистон бори дигар ҳамдардии амиқи хешро бино бар заминларзаи шадид дар минтақаи ҷанубу шарқи кишвари дӯсти Туркия, ки боиси ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардид, ба он ҷониб расонид.

Дар мулоқот омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати сафарбар намудани гурӯҳи ҳирфаии ҷустуҷӯӣ-наҷотдиҳии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи мазкур, инчунин расонидани кумаки башардӯстона иборат аз маводи аввалияи зарурӣ иброз гардид.

Бино ба иттилои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия, ҳоло аз ҷониби мақомоти расмии Туркия оид ба ҳалок ва захмӣ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон бар асари ин заминларза маълумот ворид нашудааст.

Намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия барои тамоси доимӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар минтақаҳои Каҳраманмараш, Ҳатай, Османия, Адияман, Газиантеп, Шанлиурфа, Диярбакир, Малатия ва Адана қарор доранд, телефонҳои шабонарӯзиро фаъол намудаанд.

Телефонҳо барои тамос:

Сафорати Тоҷикистон дар Анқара:

+ 90 312 491 16 07; + 90 538 594 32 10 WhatsApp.

Консулгарии генералӣ дар Истанбул:

+ 90 212 426 50 54; + 90 536 446 17 71 WhatsApp.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE