СУХТОР ДАР БЕМОРХОНА БОИСИ ҲАЛОКАТИ ДАҲҲО КӮДАК ШУДААСТ
Даҳ кӯдаки навзод дар паи сухтор дар беморхонаи штати Махараштраи Ҳиндустон ба ҳалокат расидаанд. Дар ин бора телевизиони NDTV иттилоъ додааст. Хабар дода шудааст, ки ҳодисаи нохуш дар бахши нигоҳубини кудакони навзоди беморхонаи маҳалии шаҳри Бҳандара соати 2-и шаб рух додааст. Тибқи иттилои пешакӣ сухтор дар паи расиши кутоҳ ба амал омадааст. Тавре ҷароҳи беморхона Прамод Хандате изҳор доштааст, ҳамчунин ҳафт кудаки дигар дар ин ҳодиса наҷот дода шудаанд. Бино ба суханони масъулини беморхона дар ҳуҷра кудакони аз як то семоҳа қарор доштаанд. Кудакони зарардида бошанд ба дигар ҳуҷраҳо интиқол дода шудаанд. Дар робита ба ин ҳодисаи ғамангез сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди изҳори таассуф намуда, ба хонаводаи кудакони ҳалокшуда тасалият баён доштааст. Ҳамчунин дар робита ба ин фоҷиа роҳбарияти штати Махараштра низ изҳори ҳамдардӣ намуда, тафтишоти мушикофонаи ҳодисаро талаб кардааст ва ба хонадони ҳар як тифли ҳалокшуда ба маблағи 500 ҳазор рупи баробар ба 6,8 ҳазор доллар кумак намудааст.
Раҳмонзода Мижгон
Садои Душанбе