Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷӣ бо муовини роҳбари USAID
17 феврали соли 2023 муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода муовини роҳбари Агентии рушди байналмилалии Иёлоти Муттаҳидаи Америка (USAID) Изобел Коулманро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот рушди муносибатҳо байни Тоҷикистон ва ИМА дар чорчӯби барномаҳои USAID дар бахшҳои иқтисодӣ, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф ва ҳифзи муҳити зист муҳокима шуданд.