Хуҷанд: Бинои нави Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ ба истифода дода шуд

Бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бинои нави таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ифтитоҳи бинои мазкур Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода, муовини раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, муовини раиси раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» Хуршед Раҳмонализода, ректорони муассисаҳои олии кишвар ва  кормандони воситаҳои ахбори умум ширкат варзиданд.

Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва дигар иштирокдорон ба 17 нафар ятимону маъюбон туҳфаҳои хотиравию арзишманди Пешвои миллатро тақдим намуда, зикр намуд, ки ин табақаи ниёзманди ҷомеа ҳамеша зери ғамхорию пуштибонии Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат қарор дорад.

Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд» тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, фаъолияти худро бо мақсади иҷрои амалии нуктаҳои асосии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ба бозори ҷаҳонии меҳнат рақобатпазир ба роҳ мондааст.

Бинои мазкур тибқи нақша дар масоҳати 3561 метри мураббаъ доман густурда, аз 4 ошёна ва 35 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла, утоқҳои лингофонӣ ва компютерӣ, утоқҳои кориву ёрирасон, маҷлисгоҳ, толори конференсия, китобхонаи электронӣ ва анъанавӣ, озмоишгоҳҳои молшиносӣ ва ташхиси сифати молҳои истеъмолӣ ва криминалистика, Парки технологӣ, ошхона, толори фитнесс иборат буда, барои 850 нафар донишҷӯ пешбинӣ гардидааст. Ҳудуди бино, роҳравҳо ва синфхонаҳо бо камераҳои мушоҳидавӣ, инчунин бо Wi-Fi муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бинои таълимӣ дорои буғхона буда, дар фасли зимистон имконияти бо ангишт гарм нигоҳ доштани тамоми ҳуҷраҳоро дорад. Атрофи бино бо дарахтони сояафкану ороишӣ ва гулҳои рангоранг зебо гардонида шудааст. Ҳамчунин саҳн ва роҳравҳои бинои таълимӣ сафолакпӯш гардида, чароғакҳои равшанидиҳанда ва нишастгоҳҳо насб шудаанд. Бинои мазкур бо тарҳи замонавӣ таъмиру таҷдид гардида, дар он асосан масолеҳи сохтмонии баландсифати истеҳсоли ватанӣ истифода бурда шудааст. Ҳамчунин аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Росровути ноҳияи Деваштич бинои муассисаи таълимии №24 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Муассисаи таълимии мазкур 2-ошёна буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст ва 38 нафар омӯзгор ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Инчунин муассиса аз 10 синфхонаи таълимӣ, синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияи компютерӣ, ҳуҷраи кории директор ва ҳуҷраи муаллимон иборат буда, ба шабакаи гармидиҳӣ пайваст мебошад.

Сохтмони иншооти мазкур аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба нақша гирифта шуда, фармоишгар раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, лоиҳаи иншоот аз ҷониби ташкилоти лоиҳакашии ҶДММ «Тоҷиклоиҳа-Инвест» таҳия ва корҳои сохтмонӣ аз ҷониби ташкилоти пудратии ҶДММ «Сомониён-1» иҷро гардидаанд.

Ҳамчунин муассиса бо технологияҳои нави замонавӣ, 14 адад компютер, 2 адад видеопроектор ва 2 адад принтер таъмин мебошад. Росровут деҳаи дурдасттарини ноҳияи Деваштич ба ҳисоб рафта, бинои якуми муассисаи мазкур соли 2014 барои 400 ҷойи нишаст дар як баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд.

  

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE