Дар Бадахшон соҳаҳои қутоспарварӣ, моҳидорӣ ва боғпарварӣ рушд меёбад

Соли сипаригардида дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон чорводорӣ, бахусус қутоспарварӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳими кишоварзӣ маҳсуб мешавад, рушд намуда, давоми сол саршумори он ба 24 ҳазору 124 сар расонида шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 2,8 фоиз, ё 653 сар зиёд мебошад. Аз ҳисоби хоҷагиҳои ноҳияи Мурғоб барои ноҳияҳои Дарвозу Роштқалъа дар маҷмуъ 80 сар қутос дастрас карда шуд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки барои парвариши ин намуди чорво ба ҷуз ноҳияи Мурғоб дар хоҷагиҳои чорвопарварии ноҳияҳои Роштқалъаву Дарвоз низ имконияти мусоид мавҷуд аст. Бахусус иқлим ва чарогоҳҳои баландкӯҳи Ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз барои парвариши қутос хеле мувофиқанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят соли гузашта 37,5 га боғи нав бунёд карда шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021 62 фоиз зиёдтар мебошад.

Барои тавсеаи соҳаи моҳидорӣ гуфта шуд, ки аз вилояти Суғд 45 ҳазор дона моҳича барои хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят дастрас гардида, соли 2023 дар ҳар ноҳия бунёди на кам аз як хоҷагии моҳипарварӣ ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар саргаҳи оби Осиёи Марказӣ қарор дошта, дар баробари кӯлҳои зиёди табиӣ дар ноҳияи Мурғоб ҳамчунин ҳар деҳа дорои рӯдхонаҳои кӯҳӣ мебошад. Хоҷагиҳои деҳқонӣ имкон доранд дар атрофи ин рӯдхонаҳо ҳавзҳои хурди моҳипарварӣ бунёд кунанд.

Соли гузашта бо ҳамин усул дар ноҳияҳои Шуғнону Роштқалъа ду ҳавзи моҳипарварӣ бунёд гардида, ба онҳо зиёда аз 6 ҳазор моҳича сар дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE