Оғози курси такмили ихтисос барои раисони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо

Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои раисони вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, роҳбарияти мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва масъулони самти маҳал аз рӯи барномаи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир” курси такмили ихтисос оғоз гардид.
Имрӯз, 25 майи соли 2022, зимни ифтитоҳи расмии он Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати Академия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ифтитоҳи курс Ғафурзода Абдухалил Давлаталӣ шунавандагони курси такмили ихтисосро ба Академияи идоракунии давлатӣ бо камоли эҳтиром хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти хоҷагии халқи мамлакат, аз ҷумла соҳаи хизмати давлатӣ ба дастовардҳои назаррас мушарраф гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи хизмати давлатиро самти афзалиятнок эълон карда, онро барҳақ омили муҳимтарини таҳкими идоракунии самараноки давлат номидаанд. Курси такмили ихтисоси мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Академия роҳандозӣ гардида, дар он коршиносон ва мутахассисони варзида оид ба нозукиҳои идоракунии давлат ба шунавандагон маълумот хоҳанд дод.
Баъд аз ифтитоҳи расмии курс машғулияти аввал бо иштироки Давлатов Ҷумъа Маҳмадалиевич – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Заминаҳои ҳуқуқии хизмати давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Курси зикршуда то 27 май идома ёфта, тибқи барномаи таълимӣ барои шунавандагони курс машғулиятҳо вобаста ба хизматрасонии электронӣ дар иқтисоди рақамӣ, Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешгирии стресс дар раванди идоракунӣ, мактаби давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, мушкилот ва пешниҳодҳо вобаста ба таҳия ва рафти иҷроиши барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳру ноҳияҳо, техникаи таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳои назариявӣ ва амалӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, сиёсати давлатӣ оид ба саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарварӣ ва хусусиятҳои он дар замони муосир ва нақши хизматчии давлатӣ дар пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ омӯзонида мешаванд.
Дар анҷоми курс бо иштироки Ғафурзода А.Д. – ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор, Давлатов Ҷ.М. – директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Завқизода З.А. – вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумъазода Ш. – раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҳмадҷонзода О.О. – раиси Кумитаи забон ва ислоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раҳмонзода А.Қ. – раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ғанизода И.Ғ. – директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ дар мавзуи “Идоракунии давлатӣ дар замони муосир: ҳолат ва дурнамо” баргузории мизи мудаввар пешбинӣ гардидааст.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE