Тоҷикистон ва Қатар тасмим гирифтаанд, ки Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармоягузорӣ таъсис диҳанд
Имрӯз дар шаҳри Давҳаи Давлати Қатар вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода бо Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни мулоқот таъкид карда шуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи роҳбарони ду давлат — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Амири Давлати Қатар муҳтарам Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ муносибатҳои ду давлат пайваста рушд карда, ба сатҳи олӣ баромаданд.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар кутоҳтарин муҳлат ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ баргузор намуда, дар доираи он масъалаҳои таҳкими ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои сармоягузорӣ, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ, савдою хизматрасонӣ, содироти молу маҳсулот ва дигар соҳаҳоро густариш диҳанд.
Дар ин замина ҳамчунин зарурати фаъолсозии робитаҳои бахши хусусӣ ва нақши муассири он дар рушду таҳкими ҳамкории мутақобилан судманди ду давлат таъкид карда шуд.
Ҳамзамон Завқӣ Завқизода пешниҳод намуд, ки бо мақсади иҷрои сифатноки дастуру супоришҳои роҳбарони олии ҳар ду давлат, густариши робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои дуҷониба Шӯрои соҳибкорон ва Фонди муштараки сармогузорӣ таъсис дода шавад.
Инчунин аз Вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Шайх Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим ал-Абдуллоҳ Оли Сонӣ даъват ба амал оварда шуд, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкории мутақобилан судманд изҳор намуданд.
АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон