19 март дар пойтахт Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ баргузор мешавад

19 март, соати 11:00 дар «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши мамлакат бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи 4-уми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад. Дар мусобиқа барои ғолиби ҷойи якум 10 000 доллар, ҷойи дуюм 7 000 доллар, ҷойҳои сеюм 3 000 муқаррар гардидааст.

Тавре ба АМИТ «Ховар» сардори Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтолиб Шокирзода изҳор дошт, мусобиқаи мазкур бо ташаббус ва дастгирии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир шуда, дар он варзишгарони 25 давлати дунё иштирок менамоянд.

Дар мусобиқа варзишгарон аз рӯи 5 вазн, аз ҷумла 65 кг, 71 кг, 78 кг, 86 кг ва +86 кг байни ҳам рақобат менамоянд.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 30 варзишгари муваффақи мамлакат муаррифӣ менамояд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE