Дар Душанбе оид ба давлатдории миллӣ ҳамоиши иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид
«Давлатдории миллӣ ва нақши ҳаётии он дар сарнавишти таърихии тоҷикон» — таҳти чунин унвон бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти ҷамъиятии «Пайравони Пешвои миллат» дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби маҳфили «Сиёсатшиносони ҷавон» нахустмаҳфили иттилоотию маърифатӣ баргузор гардид, хабар дод дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Зимни он гуфта шуд, ки ҳадаф аз таъсиси маҳфили «Сиёсатшиносони ҷавон» ва ташкили чунин ҳамоиши иттилоотию маърифатӣ он аст, ки ҷавонони сиёсатдӯст ва ватанпараст дастгирӣ ёфта, ба воситаи ин гуна чорабиниҳо дониши сиёсии онҳо баланд бардошта шавад. Зеро ояндаи дурахшони Тоҷикистон маҳз бо донишҳои сиёсӣ ва навоварӣ ободтару рангинтар мегардад.
Иштирокдорон иброз доштанд, ки дар Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳувияту ватандӯстии ҷавонон «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027» таҳия ва қабул гардидааст. Қабули ин барномаҳо аз таваҷҷуҳи хоссаи роҳбарияти давлат нисбат ба ҷавонон шаҳодат медиҳад.
Таъкид карда шуд, ки бедории андешаи миллӣ омили муҳими таҳкимбахшандаи фарҳанг, забон ва арзишҳои таърихан ташаккулёфтае мебошад, ки ҷомеаро барои муваффақ гаштан дар раванди давлатсозии миллӣ дилпур месозанд.
Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки мақсади дигари маҳфил- ин баланд бардоштани сатҳи дониши сиёсии ҷавонон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои давлатӣ, таҳкими худшиносӣ ва худогоҳӣ, мусоидат ба таъмини амнияти миллӣ, огоҳ сохтани ҷавонон аз таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо мебошад.
Дар анҷоми ҳамоиш аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонон сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Март 14, 2023 20:00