Дар роҳҳои кӯҳии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма ва резиши санг то 16 март боқӣ мемонад

Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон,  бар асари гарм шудани ҳавои рӯзҳои охир ва бориш дар рӯзҳои баъдӣ то 16 март дар ноҳияҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ хатари лағзиши тарма, омадани сел, ярч ва резиши санг боқӣ мемонад. Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи меҳмонон ва сокинони мамлакат мерасонад, ки эҳтиёткор бошанд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Кумитаи мазкур хабар медиҳад. 

Дар роҳҳои мошингарди  Душанбе — Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе — Дарвоз — Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб  хатари бештари лағзиши тарма ва резиши санг вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, Кумита бори дигар аз аҳолӣ даъват ба амал меорад, ки  аз сафарҳои бе зарурат бо роҳҳои кӯҳӣ, бахусус сафар ба минтақаҳои тармафаро худдорӣ намоянд. Агар зарурати сафар ба миён омад, хеле эҳтиёткор ва ботаваҷҷуҳ бошанд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба диққати ронандагон мерасонад, ки ҳангоми ҳаракат аз тариқи ағбаҳо ва минтақаҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатарӣ, бахусус фосилаи байни мошинҳоро риоя кунанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE