Дар шаҳри Турсунзода оид ба пешгирии хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ ҳамоиши илмӣ – амалӣ доир шуд
«Нақши хизматчиёни давлатӣ дар пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ» — таҳти чунин унвон дар шаҳри Тарсунзода ҳавоиши илмӣ-амалӣ баргузор гардид, ки дар он доир ба пайдоиши экстремизм, ошкор ва пешгирӣ намудани хавфу хатарҳои террористиву экстремистӣ, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои экстремистӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ин хусус дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода иттилоъ доданд.
Дар ҳамоиш хизматчиёни давлатӣ – шунавандагони курси азнавтайёркунии Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентии хизмати давлатӣ, Раиси шаҳри Турсунзода ва дигар масъулин иштирок намуданд.
Дар ҷараёни ҳамоиш барои хизматҳои бисёрсола ба чанде аз хизматчиёни давлатӣ Ифтихорномаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд. Инчунин ба 163 хизматчии давлатӣ, ки тӯли як моҳ аз курси азнавтайёркунӣ гузаштанд, гувоҳнома супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода