Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯён ва унвонҷӯёни муассисаҳои миёна ва олии касбӣ таъсис меёбад
Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе таъсис дода мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.
Стипендияи мазкур дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасманд намудани хонандагону донишҷӯёни фаъолу аълохон ва соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе таъсис меёбад.
Гирандагони ин стипендия хонандагону донишҷӯёне буда метавонанд, ки дар байни ҳамсинфон ва ҳамкурсон рафтори намунавӣ дошта (бо назардошти тавсияи хаттӣ аз ҷониби директори муассисаи таълимӣ), бо баҳои хубу аъло таҳсил намоянд (мувофиқи маълумотномаи хаттӣ оид ба ҷамъбасти баҳоҳо дар як соли охир) ва дар корҳои ҷамъиятии муассиса ва берун аз он иштироки фаъолона дошта бошанд.
Ёдовар мешавем, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳар сол барои дарёфти стипендияи Раиси шаҳри Душанбе озмун эълон менамояд.