ТАВАҶҶУҲ! Аз имрӯз зимни ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок маҳдудият ворид мешавад

Аз имрӯз 1 июн то 31 августи соли равон дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок аз соати 10:00 то 19:00 маҳдудияти ҳаракати воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешавад, хабар медиҳад “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷорӣ гардидани маҳдудият дар роҳи мазкур бо мақсади таъмири куллии аксар минтақаҳои роҳи Душанбе-Чанок ба миён омадааст.

Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар  тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст.

Икдоми мазкур дар асоси  талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷорӣ намудани маҳдудияти мавсимии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои истифодаи умум» амалӣ шуда, ҷиҳати  нигоҳ доштани роҳ аз вайроншавии пеш аз муҳлат ва таъмини бехатарии мусофирону ронандагон, инчунин  воситаҳои нақлиёт шароит фароҳам меорад.

Чунин иқдом на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксари мамлакатҳои олам роиҷ буда, натиҷаҳои хуб ба бор овардааст.

АКС: Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE