Ширкати «Каян»-и Арабистони Саудӣ омодагии худро барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон изҳор намуд

Ширкати «Каян»-и Арабистони Саудӣ ҳавасмандии худро барои сармоягузорӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баён намуд, хабар медиҳад Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар мулоқоти Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо роҳбари ширкати «Каян»-и Арабистони Саудӣ Шайх Туркӣ Ал-Сайлонӣ, ки дар Душанбе доир гардид, ҷиҳати  ба роҳ мондани робитаҳои судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, сайёҳӣ, тиҷорат ва саноат ибрози назар карда шуд.

Зимни мулоқот мусоҳибон омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ баён доштанд.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE