Ла Лига: Гомҳои устувори Барселона дар мусобиқаи қаҳрамонӣ

Дар доираи даври 27-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дастаи пешсафи мусобиқа Барселона бо натиҷаи бузург бар тими Элче пирузӣ ба даст овард. Реал Мадрид низ дастаи Валядолидро торумор кард. Ахиран ин давр бо дидори дастаҳои Валенсияву Райо Валенкано шоми гузашта ҷамбаст гардид.

Дар даври 27-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дастаи Барселона дар сафар бо тими Элче рӯ ба рӯ гардид. Садрнишини ҷадвали Ла лига, пас аз нокомиҳо дар мусобиқаҳои умумиаврупоӣ, бо дастаи зинаи охири мусобиқа рақобати шадид нишон дода, онро бо ворид кардани чор голи беҷавоб мағлуб кард. Роберт Левандовски бо иҷрои дубл, Ансу Фати, ва Ферран Торрес голҳои каталониҳоро ба нишон расониданд. Шогирдони Хави бо ин пирузи шумораи имтёзҳояшонро ба 71 адад баробар карда, бо бартарии 12 имтиёз аз дастаи шоҳӣ гомҳои устувор суи ҷоми қаҳрамонии кишвараш мемонад.

Дастаи шоҳии Испания Реали Мадрид ин навбат дар Сантяго Бернабеу тими Валядолидро пазироӣ кард. Рақобати ҷолибу диданӣ ва серголеро шогирдони Карло Анчелотти нишон доданд. Махсусан ҳамлагари фаронсавии даста Карим Бензема бо иҷри хетрик дар ин дидор ҳунарнамоии олӣ намуд. Голҳои дигари дастаи Реалро Родриго, Асенсио ва Васкес муаллифӣ карданд. Дастаи шоҳии Испания ҳамакнун бо касби 59 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. Валядолид бошад бо касби 27 имтиёз зинаи 16-умро касб кардааст.

Дастаи дигари шаҳри Мадрид Атлетико дар даври 27-уми рақобатҳои Ла Лига бо тими Бетис андари майдони рақобат шуда, онро бо ворид кардани як голи беҷавоб пушти сар гузошт. Ягона голи дастаи Атлетикоро Анхел Корреа ба нишон расонид. Атлетико низ талош дорад дар қатори пешсафони ҷадвал боқи бимонад. Дастпарварони Диего Семеоне пас аз ин даври рақобатҳо бо касби 54 имтиёз шомили сегонаи аввали ҷадвал аст. Бетис бошад ҳамакнун бо доштани 45 хол дар зинаи панҷум қарор дорад.

Дар ин давр дастаҳои Виляреал бар Реал Соседад, Жирона бар Эспаниёл ва Севиля бар Кадис пируз омаданд. Дидори дастаҳои Селта бо Алмерия, Валенсия бо Райо Валенкано, Малёрка бо Осасуна ва Атлетик бо Хетафе бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст шуданд. 

                                                                  Мижгонаи Насриддин,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE