Иртиботи роҳи оҳан байни Афғонистон ва Покистон

Ҳукумати Афғонистон иртиботи роҳи оҳан байни Афғонистон ва Покистонро тасдиқ карда, дарҳоро барои иртиботи роҳи оҳан байни Пешовару Кобул ва Пешовару Ҷалолобод боз кардааст. Дар ин бора хабаргузории “Фергана.ру” иттилоъ додааст.

Ҳамзамон, расонаҳои узбекӣ хабар медиҳанд, ки рӯзҳои 12-ум ва 14-уми апрел Узбекистон ва Афғонистон оид ба масъалаи роҳи оҳан гуфтушунид намуданд. Ғайр аз ин, Сарвазири Афгонистон Мулло Мухаммад Хасан Охунд дар як ҷаласаи Ҳукумат гуфтааст, ки дар марҳилаи аввал асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва таҳқиқот гузаронида шуда, натиҷаҳои марҳилаи аввал дар марҳилаи дуюми лоиҳа ба маълумоти мақомоти болоӣ расонида мешавад.

Ба иттилои манбаъ, панҷ кишвар – Покистон, Афғонистон, Русия, Узбакистон ва Қазоқистон – моҳи гузашта барои баррасии шабакаи роҳи оҳан, ки онҳоро мепайвандад, мулоқот карданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE