ДАР ҲИСОР ДАВРИ АВВАЛИ МАРҲИЛАИ ИНТИХОБИИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ БОНУВОН БАРОИ БОЗИҲОИ ОЛИМПӢ-2024 БАРГУЗОР МЕШАВАД

Аз 5 то 11 апрел дар шаҳри Ҳисор даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024 дар гурӯҳи «Е» баргузор мешавад.  Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон, Филиппин, Ҳонконг ва Покистон барои дарёфти роҳхат ба даври навбатии мусобиқаи футболи Бозиҳои олимпии соли 2024 мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳафт гурӯҳ ба даври дуюми интихобӣ роҳ меёбанд ва онҷо панҷ дастаи беҳтарини Осиё – Кореяи Шимолӣ, Ҷопон, Австралия, Чин ва Кореяи Ҷанубӣ ба мубориза ҳамроҳ мешаванд.

 Даври аввали марҳилаи интихобии мусобиқоти футболи бонувон барои Бозиҳои олимпӣ-2024

 Гурӯҳи «Е»:  Филиппин,  Ҳонконг,  ТОҶИКИСТОН,  Покистон.

️ Даври 1

 5 апрел (чоршанбе)

️ 16:00 –  Филиппин –  Покистон

️ 19:00 –  Ҳонконг –  ТОҶИКИСТОН

️ Даври 2

 8 апрел (шанбе)

️ 16:00 –  Покистон –  Ҳонконг

️ 19:00 –  ТОҶИКИСТОН –  Филиппин

️ Даври 3

 11 апрел (сешанбе)

️ 16:00 –  Филиппин –  Ҳонконг

️ 19:00 –  ТОҶИКИСТОН –  Покистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE