Тибби профилактикӣ: вазифаҳо ва имкониятҳои он
Саломатии миллат сарвати бебаҳост, ки бе он тавоноии давлатро тасаввур кардан имкон надорад.
Эмомалӣ Раҳмон
Тайи солҳои охир дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон, то андозае афзоиши касалиҳои умумӣ ва фавт аз бемориҳои ғайрисироятӣ ба мушоҳида мерасад, ки ин аз масъулин зарурати андешидан ва амалӣ намудани тадбирҳои ошкор кардани омилҳои асосии хавфи афзоиш ва ташхису табобати муосири онҳоро тақозо менамояд, зеро солимии миллат аз рукнҳои асливу пуриқтидори рушду тараққии давлат ба ҳисоб меравад. Инак аз Истиқлоли комили давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастикам 32 сол сипарӣ мегардад.
Оё дар мамлакат барномаҳо оид ба ислоҳоти бахши тандурустӣ ва пешгирии касалиҳо ва чорабинихои профилактикӣ татбиқ мешаванд?
Ин ва чанд суоли дигари марбут ба вазъи солимии ҷомеа водорамон намуд, ки дар арафаи Рӯзи байналмилалии саломатӣ, ки ҳамасола 7 апрел таҷлил мегардад, бо доктори илмҳои тиб, профессор Ғоибов Амонулло Ғоибович ҳамсуҳбат гардем.
-Ташаккур. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо барномаҳои давлатӣ ва соҳавӣ оид ба ислоҳоти бахши тандурустӣ, пешгирии касалиҳо, аз чумла ташаккули тарзи ҳаёти солим қабул карда шудаанд. Айни замон амалӣ намудани дахо барномаи соҳавӣ оид ба пешгирии касалиҳо, аз ҷумла барномаҳои дорои аҳамияти иҷтимоӣ идома дорад. Ба туфайли барномаҳои қабулгардида дар ҷумҳурӣ аллакай даҳҳо беморхонаҳо, муассисаҳои тиббию иҷтимоӣ, иншоотхои варзишӣ, қасрҳои варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ, марказҳои тавонбахшӣ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифтаанд.
-Дар тиб маҷмӯи тадбирҳоеро, ки аз муоинаи тиббии профилактикӣ ва усулҳои иловагии муоина барои арзёбии ҳолати саломатӣ гузаронида мешавад, диспансеризатсия меноманд.
-Бале, таҳти мафҳуми диспансеризатсия мушоҳидаи системавии табибии вазъи саломатии гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ, бо мақсади профилактика ва табобати касалиҳои гуногун фаҳмида мешавад. Ба ғайр аз ин, диспансеризатсия ба роҳ мондани муоинаи амиқи клиникӣ-лабораторӣ барои дақиқкунии ташхисро дар бар мегирад.
-Дар урфият мегӯянд, ки пешгирӣ аз табобат беҳтар аст. Дар ин маврид шумо ҳамчун коршиноси соҳа чӣ назар доред? Чанд ҳарф дар мавриди аҳамияти профилактика ва самтҳои он мегуфтед?
-Воқеан ҳанӯз аз гузаштаи дури дур инсон дарк намуда буд, ки пешгирии бемориҳо аз табобати онҳо беҳтару муфидтар аст. Ба ин хотир дар шароити феълӣ дар байни аҳолӣ тадбирҳои профилактикӣ гузаронида мешавад, ки метавон онҳоро ба самтҳо ҷудо намуд.
Самти якум санитарӣ-маърифатӣ буда, асосан дар ин самт иттилоотонии одамон ва ҳавасмандгардонии онҳо барои интихоби тарзи ҳаёти солим, дасткашӣ аз тамоку, истеъмоли барзиёди машруботи спиртӣ, маводи мухаддир, озуқаи барзиёду серкалория аз ҷумлаи тадбирҳои ин самти муҳим маҳсуб меёбанд. Инчунин, метавон фаъолнокии пасти ҷисмониро, ки боиси фарбеҳшавӣ, вайроншавии мубодилаи карбогидратҳо ва холестеринӣ, баландшавии фишори шараёнӣ, стресс ва ғайра мегардад, ба қатори онҳо ворид намуд.
Самти дуюмба ошкори фаврии гурӯҳи одамони дорои хавфи баланди бемориҳои номбаршуда ва ислоҳ кардани онҳо рабт дорад.
Профилактикаи такрорӣ самти сеюми профилактикӣ буда, он тадбирҳои бартарафсозии омилҳои хавфро дар бар мегирад, ки онҳо дар шароитҳои муайян (стресс, заифшавии иммунитет, сарбории аз ҳад зиёд ба ҳамагуна системаҳои функсионалии ҷисм) метавонанд ба авҷгирӣ ва такроршавии касалӣ оварда расонанд.
Афзалияти самти сеюм азбартарафсозии омилҳои хавфи бо тарзи ҳаёти носолим вобастабуда тавассути машварати амиқи профилактикӣ иборат мебошад.
Самти чорум интиқоли одамони бемор бо ташхиси муқарраргардида таҳти назорати фаъол барои профилактикаи такрорӣ маҳсуб меёбад.
-Ташаккур. Акнун дар мавриди ҷараёни муоинаи тиббии профилактикӣ мегуфтед. Чун бемор вобаста ба синну сол ба дармонгоҳ, беморхонаи минтақавӣ ё амбулаторияи тиббии деҳа омад…
–Чун қоида бемор ҳамеша ба ҳуҷраи духтури минтақавӣ ё маркази солимӣ раҳнамоӣ мегардад ва дар он ҷо бо ӯ сӯҳбат гузаронида шуда, омилҳои хавф ва касалии ӯ муайян мегардад. Тибқи қоидаҳои мавҷуда баъдан шохиси вазн, мавҷудияти фарбеҳии узвҳои дохилӣ муайян мегардад, сипас ӯ «варақаи хатсайр»-и ҳаракат мегирад, ки мутобиқи он сатҳи глюкоза, холестерин дар хуни ӯ муайян карда шуда, таҳлили пешоб, наҷосат ва ғайра аз рӯйи нишондиҳандаҳои муайян гузаронида мешавад. Духтур дар марҳалаи якум танҳо як кас мебошад – духтури минтақавӣ ё духтури оилавӣ дар интиҳои таҳлил.
Духтур ҳамаи нишондиҳандаҳои ташхисро гирифта, хулоса таҳия месозад, гурӯҳи солимӣ ва зарурати гузаронидани машварати амиқи профилактикиро муайян мекунад. Барои муоинаи марҳалаи дуюм ё имконияти муоинаи диспансерӣ роҳхат медиҳад, аз ҷумла бо мақсади ошкорсозии барвақтии варамҳои гандаи бавуҷудомада, дар навбати аввал, дар узвҳои таносул, гарданаи бачадон, ғадудҳои ширӣ, ғадудҳи мардӣ, узвҳои маҳватаи шикам (бо усули муоина, таҳқиқоти таҷҳизотӣ, ташхиси ултрасадоӣ (ТУС), таҳлилҳои марбута, инчунин муоинаи барои сил бо кӯмаки флюорография).
Таҳқиқот яку якбора аз ҷониби мутахассисони дармонгоҳ, амбулатрияи деҳотӣ гузаронида нашуда, дар давраҳои муайяни синну сол, дар мавриди эҳтимолияти калони рушди ин ё он касалӣ, бо дарназардошти тавсияҳо ва таҷрибаи андӯхта сурат мегирад.
-Барои ин шахс чанд рӯз сарф менамояд?
-Тибқи тартиб мардони то 45-сола метавонанд дар давоми аз як то ду рӯз ва занон ҳадди ақал дар ду-се рӯз аз диспансеризатсия гузаранд. Дар сурати синну соли калонтар, бар замми он агар сухан аз боби марҳалаи дуюм равад, барои гузариши диспансерӣ се- чор рӯзро сарф кардан лозим меояд. Дар варақаи гузариши диспансерӣ синну соли мушаххас нишон дода шудааст, ки тибқи он аз диспансеризатсия гузаштан мумкин аст.
-Аз диспансеризатсия гузаштан танҳо дар ҷойи истиқомат бояд сурат гирад ё онро метавон дар ҷойи кор низ анҷом дод?
-Натиҷаҳои диспансеризатсия барои кори мутахассисони сатҳи муассисахои КАТС, баъдан барои духтури оилавӣ ё духтурони кори умумӣ ҳамчун маводи муҳими заминавӣ хизмат мекунанд, ки ӯ шахсро бо кори профилактикӣ, яъне чораҳои пешгирикунанда фаро мегирад. Агар натиҷа аз худи ин раванд канда шавад, диспансеризатсия моҳияти худро гум мекунад. Дар ин робитаи байниҳамдигарӣ аз диспансеризатсия дар ҳамон ҷо бояд гузашт, ки шахс хаёти худро мегузаронад, яъне дар ҷойи зист гузаштан лозим аст.
-Ҳамчун коршинос чӣ назар доред? Дар шароити феълӣ маърифати тиббии аҳолӣ имкон медиҳад, ки масъулини маркази солимӣ раванди диспансеризатсияро бемушкилӣ анҷом диҳанд?
-Ин чандон кори осон нест, зеро дар муносибат ба диспансеризатсия марҳалаи мутобиқшавӣ ва муроҷиаткунии аҳолӣ ба он вуҷуд надорад. Бояд зикр намуд, ки гузариш аз диспансеризатсия дар тамоми сатҳҳо тадбири мутлақо ройгон мебошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки дар сатҳи муайян муносибати аҳолӣ ба саломатии худ ва тарзи ҳаёти солим тағйир ёфтааст. Одамон дарк намуда истодаанд: давлат – шарики ҳифзи солимии онҳост, давлат маблағ ҷудо мекунад, низоме таъсис медиҳад, ки он ба шаҳрвандон барои ҳифзи солимӣ ва қобилияти корӣ имконият фароҳам меорад.
Нақши асосиро дар ин самт худи шахс, бемор ё маъюб мебозад ва онҳо бояд моҳияти профилактика ва диспансеризатсияро хуб дарк намуда, дар ҳаёти ҳаррузаашон истифода намоянд.
-Дар ин маврид корҳои таблиғотӣ-ташфиқотӣ то кадом андоза амалӣ гардидааст? Оё оиди диспансеризатсияи аҳолӣ дастури илмӣ-методӣ барои коршиноси муассисаҳои КАТС вуҷуд доранд ё не?
–Мутаасифона дастури таълими методӣ-«Диспансеризатсия ҳамчун низоми самаранок оид ба нигоҳдорӣ ва беҳтаркунонии саломатии аҳолӣ» тарҳрезӣ ва бо шумораи хеле кам нашр шудааст ва дастраси мутахассисони соҳа, пеш аз ҳама коршиносони муассисаҳои КАТС нагардидааст.
Аз ин лиҳоз, ба андешаи ман, шахсони масъули муассисаҳои табобатӣ-профилактикии ҷумҳурӣ бояд ба омӯзиш ва таҳлили таърихи касалиҳо, картаҳои амбулаторӣ ва арзу шикоятҳои беморон, инчунин аз байн бурдани қаллобӣ ва сохтакориҳои вазифавӣ аҳмияти ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Ҳадафи асосии диспансеризатсия ҳифз ва таҳкими солимии аҳолӣ, коҳиш додани маъюбӣ ва фавти бармаҳали аҳолӣ, ноилшавӣ ба дарозумрӣ, инчунин ҷустуҷӯ ва дарёфти «захира»-и солимии ҳар як шаҳрванди кишварамон мебошад.
Диспансеризатсияи аҳолӣ ҳамчун усули мушоҳидаи фаъоли системавии беморон, махсусан барои татбиқ нисбат ба касалиҳо ва оқибатҳои ҷарроҳатбардорӣ ниҳоят муҳим маҳсуб меёбад. Ҳамин тариқ, диспансеризатсия имрӯз – ин мушоҳидаи фаъолу серамали вазъи солимии аҳолист, ки маҷмӯи тадбирҳои пешгирикунанда, ташхисӣ ва табобативу солимгардониро фарогир мебошад.
-Ташаккур барои суҳбати самимӣ.
4 апрели соли 2023
Суҳбаторо Муродулло Раҳимов
Даричаи ошноӣ: Амонулло Ғоибов (04.01.1953, деҳаи Ключевкаи н. Ариқбалиқи вилояти Кокчетави Қазоқистон), доктори илми тиб (2006). Соли 1979 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро ба итмом расонда, интернатураро аз рӯи ихтисоси ҷарроҳии умумӣ гузаштааст. Солҳои 1980-1983 ординатори шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи вилоятии шаҳри Кӯлоб, 1983-1993 корманди масъули муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Кӯлоб, 1993-1999 корманди Вазорати тандурустии Тоҷикистон, 1999-2005 сармутахассиси шуъбаи тандурустӣ, кор бо занон ва оилаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон, 2005-2009 котиби кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ ва муборизаи алайҳи бемориҳои ВИЧ/СПИД, сил ва табларза дар Тоҷикистон, 2009-2010 муовини сардори хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, 2010-2016 директори Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, 2016 мудири шуъбаи пешгирии маъюбии Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахши маъюбони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, аз соли 2017 то ба имрӯз профессори кафедраи сиҳатии ҷомеа, иқтисод, идоракунии тандурустӣ бо курси омори тиббии МДТ “Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”.
Дар мавриди ҷараёни клиникии оқибатҳои шадиди ҷарроҳии бемориҳои захми меъда ва таъсири омилҳои метеорологӣ ва гелиофизикӣ ба инкишофи онҳо, инчунин ҷанбаҳои иҷтимоӣ-гигиенаи равандҳои тиббӣ-демографӣ ва сиҳатии аҳолии Тоҷикистон таҳқиқот анҷом бахшидааст.