Дар Самарқанд вохӯрии шашуми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия баргузор гардид
14 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Самарқанд дар Вохӯрии 6-уми вазирони корҳои хориҷӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ – Русия иштирок намуд. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Байни роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ атрофи вазъу дурнамои ҳамкориҳои дар қолаби Осиёи Марказӣ — Русия, инчунин масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.
Зимнан вазирон ба натиҷаи нишасти нахустини сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Русия, ки 14 октябри соли 2022 дар Остона баргузор гардида буд, таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Сироҷиддин Муҳриддин зимни суханронии худ иброз дошт, ки Тоҷикистон ба таҳкими робитаҳо дар чаҳорчӯби Осиёи Марказӣ — Русия аҳамияти хосса дода, қолаби мазкурро ҳамчун сарчашмаи имкониятҳои нав барои пешбурди фаъоли ҳамкории мутақобилан судманд арзёбӣ менамояд.
Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нигоҳи кишварро вобаста ба абзорҳои татбиқи ташаббусу пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи амният ва иқтисоди пешгирикунанда, ки дар рафти иҷлоси Остона ироа шуда буданд, муаррифӣ намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон