Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи замонавӣ ба истифода дода шуд
Бо мақсади амалисозии ҳадафҳои «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) 13 апрел дар факултети фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин хусус дар донишгоҳи мазкур хабар доданд.
Барои беҳтар намудани сифати таълим дар он 30 компютери замонавии ба шабакаи интернет пайваст гузошта шуд.
Ҳамзамон озмоишгоҳ бо таҷҳизоти дигари техникӣ, аз қабили доскаи электронӣ, видеопроектор ва камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардидааст.
Дар озмоишгоҳ барои донишҷӯён китобҳои таълимии соҳавӣ ҷиҳати рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ дастрас гардонида шудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар доираи амалӣ гардидани лоиҳаи муштарак дар факултетҳои донишгоҳ таҷҳизоти муосири техникӣ насб гашта истодааст, ки ба анҷом додани корҳои гуногуни илмию таълимӣ мусоидат менамояд.