Дар шаҳри Ботканд ҷаласаи гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

 Дар шаҳри Ботканд (Ҷумҳурии Қирғизистон) мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

«Дар асоси Нақша-ҷадвали кории вохӯриҳо барои соли 2023   3 – 9 июли соли 2023 дар шаҳри Ботканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории топографии ҳайатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид»,- таъкид намуданд дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз натиҷаи вохӯрӣ Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Вохӯрии навбатии гуруҳи корӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE