Ҳафт варзишгари тоҷик дар «Grand Prix Portugal» ширкат мекунанд
Сайри дзюдои ҷаҳонӣ аз мусобиқоти «Grand Prix Portugal», ки 27-29 январ дар шаҳри Алмада баргузор мегардад, оғоз мегардад, ки дар он Тоҷикистонро ҳафт варзишгар намояндагӣ хоҳанд кард. Дар ин бора дар Федератсияи дзюдои Тоҷикистон хабар доданд.
Ба дастаи мунтахаби дзюдои Тоҷикистон Обид Ҷебов (-66 кг), Беҳрузи Хоҷазода (-73 кг), Шодмон Ризоев (-81 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90 кг) ва Мансур Раҳмон (+100 кг) шомиланд.
Дар ин мусобиқот дастаи мунтахаби Тоҷикистонро мураббии соҳибтахассуси ҷопонӣ оид ба дзюдо Тамура Тори роҳнамоӣ хоҳад кард.
Мутаассифона, ду узви дастаи мунтахаби миллии дзюдои кишвар Темур Раҳимов ва Эмомалӣ Нуралӣ бинобар сабаби мушкили раводид дар мусобиқаи мазкур иштирок карда наметавонанд.
Бояд таъкид кард, ки дастаи мунтахаби миллии дзюдои Тоҷикистон аз 9 то 16 январ дар аввалин тамрин ва ҷамъомади таълимии байналмилалӣ дар шаҳри Миттерсилли Австрия бо роҳбарии Муҳаммадмурод Абдураҳмонов омодагӣ диданд.
Ҳамзамон бо оғози сайри нави дзюдои ҷаҳонӣ ва ширкат дар мусобиқаҳои бонуфузи байналмилалӣ варзишгарон баҳри касби имтиёзҳо барои роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж- 2024 талош хоҳанд кард.
АКС: Федератсияи дзюдои Тоҷикистон