Финали бармаҳали Лигаи қаҳрамонҳо ғолибро муайян карда натавонист

Шоми гузашта дастаҳои «Реал Мадрид» – и Испания ва «Манчестер Сити»-и Англия дар доираи дидорҳои аввалини даври ниманиҳоии Лигаи Қаҳрамонҳои Аврупо андари майдони рақобат шуданд, аммо тақдири иштирокчии финалиро ҳал карда натавонистанд.  Финали бармаҳали мусобиқа бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст гардид.

Дидори хеле ҷолибу дидании дастаҳои Реал Мадрид ва Манчестер Сити, ки аз мудаиёни асосии Лигаи Қаҳрамонҳо ба шумор мераванд, шоми гузашта дар доираи дидорҳои аввали мусобиқа дар варзишгоҳи Саняго Бернабеу сурат гирифт. Реал Мадрид бо анҷом додани зарбаи нахустини мустақим дар дақиқаи 36-ум алакай ба кушодани ҳисоби бозӣ даст ёфт. Муалифи голи дастаи шоҳии Испания Винисиус Жуниор гардид. Пас аз ин голСити дарҳол ба ҳуҷумҳои пай дар пай гузашта, дар ҳашт дақиқа чаҳор зарба ҷониби дарвозаи рақиб заданд, аммо ягон зарбаи Де Брюйне, Родри ва Ҳоланд бе натиҷа ҷамбаст шуданд.  Нимаи аввал бо пирӯзии «Реал Мадрид» анҷом ёфт. Пас аз танаффус “Реал” ва “Сити” ба фароҳам овардани лаҳзаҳои хатарнок зиёд талош карданд.  Воқеан ҳам дарвозабони Реал Тибо Куртуа дар ин дидор ҳунари воло нишон дода, бо анҷоми сеёвҳои олӣ дастаашро аз мағлубият наҷот дод. Чунин ба назар мерасид, ки алакай Реал пируз аст, аммо дар дақиқаи 67-ум Кевин Де Брюйне ҷониби дарвозаи  Куртуа зарба зад ва ҳисоб баробар карда шуд.  Ҳарчанд ин ҳолат баҳс зиёдро ба амал овард, аммо видеодовар голро ба ҳисоб гирифт. Ва хамин тавр онхо пеш аз бозии ҷавобӣ, ки 17 май барпо мегардад, интригаро дар мусобиқа нигоҳ доштанд. Бояд гуфт, ки ин даҳумин кӯшиши Хосеп Гвардиола дар даври ниманиҳоии Лигаи Чемпионҳост, ки то ҳол ҳамагӣ 3 пирузӣ дорад.  «Реал Мадрид» ва «Сити» акнун бо се ғалаба ва се мусовӣ омори сар ба сар доранд, ки Реал Мадрид аз рӯи фарқияти тӯбҳо аз Англия каме пештар аст, 14:13.  Реал Мадрид бори 16-ум дар даври ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонҳо бозӣ кард. Ва кариб дар бозии аввал дидорашро мусовӣ накарда буд.  Чанд сол пеш Реал Мадрид аз Челси (1:1, 0:2) шикаст хӯрда буд.

Бояд гуфт, ки дар доираи даври ниманиҳоии Лигаи Қаҳрамонҳо шоми имруз ду дастаи итолёвӣ Интер ва Милан бо ҳам ру ба ру хоҳанд шуд.

         Мижгонаи Насриддин,

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE