Имрӯз рақибони дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 муайян мешаванд

Имрӯз, 11 май дар Давҳа маросими қуръакашии қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 баргузор мешавад, ки дар он рақибони дастаи мунтахаби  Тоҷикистон муайян мегарданд.

Дар маросими қуръакашӣ намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва менеҷери дастаи мунтахаби миллии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Дар ҷараёни қуръакашии Ҷоми Осиё-2023 дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар сабади чаҳорум қарор дорад ва яқинан дар қисми ниҳоии мусобиқот дар як гурӯҳ бо Ҳиндустон, Тайланд, Малайзия, Ҳонконг ва Индонезия бозӣ намекунад.

Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ 24 даста ба 6 гурӯҳи иборат аз 4-дастаӣ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарини дар зинаи сеюм қарордошта ба даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбад.

Ҷоми ҳаждаҳуми Осиё байни дастаҳои миллӣ аз 12 январ то 10 феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад.

Оғози қуръакашӣ соати 16:00 ба вақти Душанбе.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE