Баҳодур Усмонов бо медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс ба Ватан баргашт

Имрӯз варзишгари тоҷик, дорандаи медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Баҳодур Усмонов ба Ватан баргашт ва ӯро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо тантана истиқбол гирифтанд. Ба пешвози варзишгар роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, наздикону пайвандон ва ҳаводорони бокси тоҷик ҷамъ омаданд.

Дар маросими пешвози ботантанаи ҷоизадори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс иброз гардид, ки медали биринҷии Баҳодур Усмонов аз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс падидаи таърихӣ дар олами бокси тоҷик мебошад. Зеро Баҳодур дуюмин варзишгаре аст, ки соҳиби ҷоизаи чунин мусобиқаи бонуфуз мегардад.

Ёдовар мешавем, ки Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон, ки аз 3 то 14 май баргузор гардид, дар вазни 63,5 кг қувваозмоӣ намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE