ИМРӮЗ МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023 БО ДАСТАИ АФҒОНИСТОН БОЗӢ МЕКУНАД

Имрӯз, 22 май дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода бозиҳои даври дуюми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола баргузор мешаванд. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-17) таҳти роҳбарии Раҳматулло Фузайлов бо тими Афғонистон бозӣ мекунад. Ин вохӯрӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, соати 17:00 оғоз мегардад.

Дар бозии дигар дар варзишгоҳи КМВА-и Душанбе дастаҳои Туркманистон ва Ӯзбекистон ба ҳам меоянд.

🏆 Чемпионати CAFA-2023 миёни ҷавонон (U-20)
⚽️ Даври 2
📆 22 май (душанбе)
⏰ 17:00 I 🇦🇫 Афғонистон – 🇹🇯 ТОҶИКИСТОН
🏟 Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

⏰ 17:00 | 🇹🇲 Туркманистон – 🇺🇿 Ӯзбекистон
🏟 Душанбе, Варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE