9 ҷудокори тоҷик дар Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон баромад мекунанд

Истгоҳи навбатии мусобиқаҳои сайри ҷаҳонии ҷудо ин Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар Абу-Даби хоҳад буд. Мусобиқаи мазкур аз 19-ум то 23-уми май дар шаҳри Абу-Дабии АМА доир мегардад. Дар ин бора Федератсияи ҷаҳонии ҷудо хабар додааст.

683 ҷудокор аз 110 кишвари 5 қитъаи олам баҳри иштирок дар мусобиқаи номбурда номнавис шудаанд. Аз ин шумора 362 мард ва 321 бону мебошанд, ки аз рӯи 14 вазн баҳри имтиёзҳои олимпӣ рақобатҳоро доир мекунанд.

Тоҷикистонро тибқи итттилои сомонаи IJF нуҳ ҷудокор – Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Обид Ҷебов (-66 кг), Эмомалии Нуралӣ (-66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Комроншоҳ Устопириён (-90 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) муаррифӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки мусобиқаи мазкур пеш аз Бозиҳои Олимпии Париж -2024 барои ҷудокорон бисёр ҳам нақши муҳим мебозад то онҳо имтиёзҳои лозимаро соҳиб шаванд. МД ТВ “Варзиш” мусобиқаро ба таври мустақим манзури бинандагон мегардонад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE