Маросими тантанавии ифтитоҳи лавҳаи ёдгорӣ бо зикри номи ҷанговарони тоҷик, ки дар озодкунии Витебск ҷон бохтаанд

18 майи соли 2023 дар доираи татбиқи лоиҳаи “Ба хотираи халқҳо мо ягонаем” намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Минск дар якҷоягӣ бо диаспораи тоҷикон дар Ҷумҳурии Беларус, роҳбарият ва таълимгирандагони МДТ “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов” дар кушодашавии лавҳаи ёдгорӣ бо номи 76 ҷанговароне, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар озодкунии ноҳияи Шумилини вилояти Витебск қаҳрамонона ҷон бохтаанд, иштирок намуданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ба туфайли ҳамкории муштараки Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №35 ба номи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Домулло Азизов ва кумитаи иҷроияи ноҳияи Шумилини вилояти Витебск корҳои ҷустуҷӯӣ оид ба ҷамъи маълумот дар бораи макони дафн ва муайян кардани номҳои қаблан номаълуми муҳофизони ҳалокшудаи Ватан-зодагони Тоҷикистон ҷиҳати воридсозии минбаъдаи онҳо ба рӯйхати қабрҳои ҳарбӣ ва ҷовидон гардонидан дар лавҳаҳои ёдгорӣ ташкил гардида буд.

акс: ВКХ

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE