Раҷаббой Аҳмадзода Раиси Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид
26 май дар маҷлисгоҳи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ҷаласаи интихоботии Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд, ки дар он Раиси нави Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Дар ин ҷаласа ноиби Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Дилшод Назаров, ҷоизадори Бозиҳои олимпӣ Зебунисо Рустамова, котиби генералии Кумитаи миллии олимпӣ, вакилон ва аъзои федератсия иштирок карданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо овози якдилонаи ҳозирин Раиси Федератсияи камонварии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода ба ҳайси муовини раиси Федератсия интихоб гардиданд.
Раҷаббой Аҳмадзода пас аз интихоб шудан иброз дошт, ки таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи варзиш дар мамлакат рушд намуда истодааст.
Яке аз намудҳои варзиш, ки аз ниёгонамон ба мо мерос мондааст, камонварӣ мебошад. Камонварӣ навъи варзишест, ки аз қадимулайём гузаштагони мо ба он машғул мешуданд. Бо супориши Пешвои миллат барои аз нав эҳё ва рушд додани камонварӣ ҳоло ҳама корҳои зарурӣ анҷом дода шуда истодааст.
Ёдовар мешавем, ки 1 апрел дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби махсуси варзишӣ оид ба намудҳои камонвариро ифтитоҳ намуданд, ки ба рушду равнақи ин намуди варзиш замина мегузорад.
Гуфта шуд, ки дар шаҳри Душанбе низ чунин мактаби махсуси камонварӣ ба истифода дода мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд