ЧЕМПИОНАТИ CAFA-2023. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Узбекистон мусовӣ бозӣ кард

Дирӯз дар шаҳри Душанбе ва Турсунзода бозиҳои даври чоруми чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ байни дастаҳои ҷавонони то 20-сола оид ба футбол баргузор гардид. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бозиро бо дастаи Узбекистон мусовӣ – 1:1 намуд. Дар бозии дигари ин давр дастаи мунтахаби Эрон бо ҳисоби 3 бар 0 дастаи мунтахаби Туркманистонро мағлуб кард.

Чемпионати CAFA-2023 байни ҷавонон (U-20)

Даври 5

28 май (якшанбе)

10:30 –  Афғонистон – Узбекистон

Душанбе, Варзишгоҳи КМВА-и ВМ ҶТ

17:00 – Тоҷикистон – Эрон

Турсунзода, варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE