Қазоқистон мизбони Чемпионати ҷаҳони ҷудо дар соли 2027 интихоб гардид
Қаҳрамонии ҷудои ҷаҳон дар соли 2027 барои дуюмин бор дар таърих дар кишвари Қазоқистон баргузор мегардад. Дар ин бора ТВ “Варзиш” ба истинод аз саҳифаи Instagram’-и вазири сайёҳӣ ва варзиш Ербол Мирзабосинов хабар додааст.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш дар Маҷористон созишнома дар бораи баргузории ин чорабинии бонуфуз ба имзо расида буд. Дар ҷараёни сафараш ба Будапешт Ербол Мирзабосинов бо президенти Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) Мариус Визер мулоқот карда, дар доираи ҳамкориҳои судманд ин санади муҳимро ба имзо расонид.
“Мо дар бораи рушди ҷудо дар Қазоқистон созишномаҳои калидӣ бастем. Ин на танҳо шарафи бузург барои кишвари мо, балки имконияти хубе барои варзишгарони қазоқ барои мустаҳкам кардани мавқеъҳои худ то Олимпиадаи Лос-Анҷелес -2028 мебошад”, – қайд кард вазир.
Ёдовар мешавем, ки Қазоқистон соли 2015 мизбони Чемпионати ҷаҳони ҷудо шуда буд. Онҷо Елдос Сметов аввалин варзишгари Қазоқистон шуд, ки медали тилло гирифт ва Рустам Ибраев медали нуқра ба даст овард.