Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо cафири ИМА

1 июни соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин cафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мануэл Микаллерро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Зимни суҳбат ҷонибҳо перомуни ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистону ИМА ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE