Дар назди Академияи таҳсилоти Тоҷикистон Шӯрои ташхис ва тақризи адабиёти таълимӣ таъсис дода мешавад
6 июн дар муассисаи таҳсилоти умумии №65-и шаҳри Душанбе дар мавзуи «Идеологияи миллӣ ва такмили мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ» ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.
Тавре корманди Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Раҳмонзода иттилоъ дод, дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илм, роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказӣ ва муассисаҳои тобеи вазорати маориф ва илм, муаллифони китобҳои дарсии муассисаҳои таълимӣ ва аъзои гурӯҳҳои экспертизаи касбӣ ва экспертизаи ҷамъиятии адабиёти таълимӣ иштирок намуданд.
Дар ҷаласа иброз гардид, ки дар ҳошияи дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бознигарӣ шудани мазмуну муҳтавои адабиёти таълимӣ, аз он ҷумла дар заминаи руҳияи миллӣ таълиф кардани китобҳои дарсӣ масъалаи меҳварии соҳаи маориф дар чанд соли охир ба ҳисоб меравад.
Муовини якуми Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷӯразода дар ҷаласа изҳор дошт, ки «дар замони муосир тамоми таҳаввулот ва пешравиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ марбут ба рушди соҳаи маориф буда, он асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин маҳсуб мешавад. Аммо асоси рушди соҳаи маориф, бахусус боло рафтани сифати таҳсилот ба китобҳои дарсии аз ҳама ҷиҳат ҷавобгӯ ба ниёзи ҷомеа ва унсурҳои давлатдории миллӣ вобаста аст».
Номбурда ба мақолаву тақризҳои дар матбуоти даврӣ перомуни мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ нашршаванда ишора карда, таҳлилу омӯзиши ҳамаҷонибаи онҳоро барои баҳои воқеӣ додан ба вазъи кунунии ин самти барои соҳаи маориф ва дар умум миллат хеле муҳим манфиатбахш арзёбӣ намуд.