Россия аз 10 июн парвозҳоро бо Тоҷикистон ва Ӯзбекистон зиёд мекунад

Аз 10 июн Россия иртиботи мунтазами ҳавоиро бо Австрия, Маҷористон, Лубнон, Люксембург, Маврикий, Марокаш, Хорватия, инчунин парвозҳои чартериро ба Албания барқарор мекунад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости».

Мақомот парвозҳоро ба самтҳои зерин ду маротиба дар ҳафта иҷозат додаанд: Москва — Вена, Москва — Будапешт, Москва — Порт Луис, Москва — Рабат ва Москва — Загреб. Парвозҳои Маскав — Бейрут ва Москва — Люксембург ҳафтае як маротиба сурат хоҳанд гирифт. Барои парвозҳои чартерии Москва — Тирана ҳафтае як маротиба иҷозат дода шудааст.

Бар иловаи ифтитоҳи кишварҳои нав барои парвозҳо, Россия инчунин шумораи парвозҳоро ба Юнон дар масири Москва — Афина ҳафтае ду маротиба, бо Озарбойҷон (Москва-Боку), Арманистон (Москва-Ереван), Қатар (Москва-Доҳа) Ӯзбекистон (Москва — Тошканд) ва Тоҷикистон (Москва — Душанбе) — як парвоз дар як ҳафта, бо Миср (Москва — Қоҳира) ва Сербия (Москва — Белград) — то ҳафт парвоз дар як ҳафта зиёд мекунад.

Ғайр аз ин, Россия шумораи парвозҳоро дар масири Москва — Минск дар як ҳафта то даҳ маротиба ба асоси мутақобила зиёд мекунад. Ба парвозҳои иҷозатдодашуда масири Москва — Мюнхен илова шудааст (қаблан аз шаҳрҳои Олмон танҳо ба Берлин ва Франкфурт парвоз кардан мумкин буд). Инчунин, аз 10 июн барои парвозҳо ба хориҷа аз фурудгоҳҳои байналмилалии Нижнекамск, Владикавказ ва Томск иҷозат дода мешаванд.

Бо сабаби пандемияи COVID-19, Россия аз 27 марти соли 2020 парвозҳои мунтазам ва чартериро бо дигар давлатҳо, ба истиснои парвозҳои интиқолӣ, инчунин ҳамлу нақли борҳо, почта, санитарӣ ва ғайра, қатъ карда буд. Аз моҳи августи соли гузашта ин кишвар тадриҷан барқарор кардани иртиботи ҳавоии байналмилалиро шурӯъ кардааст.

Ҳоло парвозҳо ба Швейтсария, Миср, АМА, Белорус, Қирғизистон, Қазоқистон, Сербия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон, Эфиопия, Финляндия, Ветнам, Ҳиндустон, Қатар, Юнон, Сингапур, Озарбойҷон, Арманистон, Олмон, Венесуэла, Сурия, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Исландия, Мексика, Португалия, Арабистони Саудӣ, Британияи Кабир, Куба, Ҷазираҳои Сейшел, Малдив, Малта ва Шри-Ланка иҷозат дода шудаанд. Илова бар ин, қаблан дар Россия барои парвозҳо ба Танзания ва Туркия иҷозат дода шуда буд, аммо бинобар вазъи эпидемиологӣ, парвозҳоро ба кишвари якум қатъ ва ба кишвари охирин — маҳдуд карданд.

                             

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE