Дар Бӯстон даври шаҳрии ин фестивали ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Бо мақсади тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, эҳё ва ҳифзу нигоҳдошти беҳтарин суннатҳои ниёгон дар самти тарроҳии либоси анъанавии тоҷикона, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик, тарбияи зебоипарастӣ, суръату сифати тоза бахшидан ба истеҳсоли матоъҳои гуногуни миллӣ, аз қабили чакану чакандӯзӣ, сӯзанидӯзиву гулдӯзӣ 17 апрел дар Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор карда шуд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр хабар медиҳад.
Тазаккур дода шуд, ки маҳз бо дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ, ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик ҳамасола дар мамлакат ҷамъомадҳои бошукуҳи байналмилалӣ, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ ва шаҳрӣ, конфронсу симпозиум ва дигар тадбирҳо амалӣ карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи Мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба мероси фарҳангии ғайримоддии башарият расман ворид карда шуд.
Маҳз ҳамин иқдоми наҷиб имрӯз заминаи мусоид барои инкишоф ва рушди либоси миллӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ гардидааст.
Чакандӯзӣ яке аз намудҳои санъати бадеӣ-амалӣ ва навъе аз гулдӯзӣ ба ҳисоб меравад. Санъати чакан аз насл ба насл бо шеваи устод-шогирд ба мерос мондааст. Пероҳани чакан рамзи рангорангии ҳаёт ва хушиҳои зиндагӣ буда, дар он гӯё гулҳои гуногуни табиати зинда бо таровати хос ва хеле назаррабо ҷилва менамоянд.
Дар асоси Низомномаи баргузории даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» аз рӯи номинатсияҳои намоиши либосҳои қадимии чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ ва идона, намоиши либосҳои расмӣ ва намоиши гуногуни навъҳои сӯзанидӯзӣ тарроҳону ҳунармандони ботаҷриба ва чирадаст дар симои гулдухтарон ва занону кӯдакон дар даври шаҳрии Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» маҳсули ҳунари хешро ба маъраз гузоштанд.
Дар фарҷом беҳтаринҳо бо дипломҳои дараҷавӣ ва туҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон сарфароз гардонида шуда, ба даври вилоятии фестивал роҳхат гирифтанд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон