Имрӯз мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозӣ менамояд

Имрӯз, 16 июн дар Тайланд бозиҳои даври якуми Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол байни дастаҳои наврасони то 17-сола дар гурӯҳҳои «В» ва «С» баргузор мешаванд. Дар ин хусус ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17), ки шомили гурӯҳи «С» аст, бозии якуми худро дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё бо ҳамсолони худ аз Чин анҷом медиҳад. Ин рақобат дар варзишгоҳи «Чонбури» баргузор шуда, соати 21:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) оғоз мешавад.

Ҷоми Осиё-2023 байни наврасон (U-17)

Гурӯҳи «С». Даври 1

6 июн (ҷумъа)

Оғоз – соати 19:00 ба вақти Душанбе

ТОҶИКИСТОН – Чин

Чонбури, Тайланд, Варзишгоҳи «Чонбури»

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE