Федератсияи ҷудои Тоҷикистон ҳамкориро бо Шӯрои олимпии Осиё тақвият мебахшад

Ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Отабек Умаров, ки дар Гран Прии Душанбе иштирок дошт, ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд ва бошукуҳ ташкил ва баргузор намудани аввалин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо – Гран Прии Душанбе, баҳои баланд дод. Дар ин хусус дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар Гран-прии Душанбе 315 варзишгар аз 40 давлати ҷаҳон иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи Гран-прии Душанбе — 2023 мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварданд.

Зимни мулоқоти Президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоил Маҳмадзоир бо ноиби президенти Шӯрои олимпии Осиё (ОСА) Отабек Умаров ҷонибҳо масъалаҳои рушди варзиш дар Тоҷикистон, аз ҷумла ҷудоро баррасӣ намуданд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE