Дар Кӯлоб Лоиҳаи таъмини оби нӯшокӣ татбиқ карда мешавад
Бо мақсади таъмини сокинони шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи «Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Кӯлоб» ба нақша гирифта шуда, маблағгузор ва фармоишгару пудратчиёни лоиҳа муайян гардиданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Бояд гуфт, ки яке аз мушкилоти сокинони шаҳри Кӯлоб норасоии оби нӯшокӣ мебошад ва дар ин замина бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикстон бо ҷалби шарикони рушд «Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Кӯлоб» таҳия гардида, то соли 2025 амалӣ карда мешавад.
Дар ҳамин замина, дар шаҳри Душанбе Созишнома байни Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагию манзилии коммуналӣ”, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва Корхонаи обу корези шаҳри Кӯлоб бо пудратчиёни ватанӣ ба имзо расид, ки ин ширкатҳо корҳои сохтмониро ба иҷро хоҳанд расонид.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабо ширкат» бо ҷалби мутахассисони соҳа ва техникаҳои пуриқтидор корҳои сохтмониро оғоз намуданд.
Тавре директори Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сабо ширкат» Фараҳманд Раҳмонов иброз дошт, дар сохтмони обанбарҳо тамоми қоидаҳои сохтмонӣ риоя карда мешавад ва таркиби хок, баландӣ, паҳнои ва ҳаҷми обанборро ба инобат мегиранд. Ширкати мазкур дар баробари сохтмони ду обанбори ғунҷоишашон 500 кубаметр бо масофаи беш аз 40 километр хатҳои оби нушокии қубурҳои қутрашон гуногунро аз обанбор то шаҳр ва дар дохили шаҳр насб менамоянд.
Инчунин вобаста ба талаботи лоиҳа барои истифодаи самараноки оби нӯшокӣ дар корхонаю ташкилот ва манзили ҳар як муштарӣ обҳисобкунакҳо васл карда мешаванд.
Дар баробари ҶДММ «Сабо ширкат» боз ду ширкати сохтмонии дигар дар татбиқи ин лоиҳа ҷалб гардидаанд. Дар маҷмуъ мувофиқи лоиҳа, дар шаҳри Кӯлоб сохтмони обанборҳо дар ҳаҷми 23 ҳазор куб об ба нақша гирифта шудааст, ки баъди анҷоми лоиҳа сифати обрасонӣ ба сокинон куллан беҳтар мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб