Тими ҷудои Тоҷикистон дар ҳайати 7 нафар дар мусобиқаи навбатии “World Judo Tour” – Гранд Слами Уланбатор-2023 ширкат мекунад

Мусобиқа 23-25 июн бо иштироки ҳудуди 400 варзишгари беш аз 45 давлат баргузор мешавад. Аз ҷумла Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 7 варзишгар миёни мардҳо намояндагӣ мекунанд:

-60кг – Муҳаммадсолеҳ Қувватов

-60кг – Меҳрзод Суфиев

-66кг – Обид Ҷебов

-73кг – Беҳрӯз Хоҷазода

-81кг – Сомон Маҳмадбеков

-90кг – Комроншоҳ Устопириён

+100кг – Мансур Раҳмон

Фонди умумии ҷоизаҳо 154000 евроро ташкил медиҳад. Ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 5000 евро, барандагони медали нуқра 3000 евро ва медали биринҷӣ 1500 евро ҷоизапулӣ дарёфт мекунанд. Ҳамчунин, аз Гранд Слами Уланбатор сар карда, дар радабандии олимпт холшумории садфоиза шуруъ мешавад. То ин вақт 50 фоизи холҳои варзишгарон ҳисоб карда мешуд.  Дар ин бора аз Федератсияи ҷудои Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамин тариқ, варзишгарон як соли дигар – то 25 июни соли 2024 имкон доранд барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош кунанд. Дар асоси радабандии олимпӣ аз 25 июни соли 2024 дар ҳар вазн 18 нафар, бо дарназардошти як варзишгар аз як давлат, соҳиби роҳхати олимпӣ мешаванд. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE