Роҳандозии корҳои таблиғотии таъмини амният дар обҳо дар соҳили дарёи Сир ва “Баҳри тоҷик”

Кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба корҳои таблиғотии худ ҷиҳати пешгирӣ аз ходисаҳои нохуш идома медиҳанд. Ахиран ин гуна чорабиниҳо дар соҳилҳои “Баҳри тоҷик” ва дарёи Сир гузаронида шуданд. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Наҷотдиҳандагони КҲФ дар ҷараёни баргузории рейдҳо миёни истироҳатакунандагон ба соҳили обҳо корҳои таблиғотӣ дар мавриди риояи қоидаҳои будубош дар соҳили обҳо, расонидани ёриҳои аввалии тиббӣ ва ғайра роҳандозӣ карданд. Ҳамзамон бо тақсими варақаҳои таблиғотӣ рақамҳои телефонҳои хадамоти фавриро барояшон доданд, то дар мавридҳои зарурӣ сари вақт тавонанд тамос бигиранд.

Таҳлилҳои нишон медиҳанд, ки аксар вақт одамон дар ҷойҳое ғарқ мешаванд ва ба ҳалокат мерасанд, ки барои оббозӣ пешбинӣ нашудаанд. 

Дар рафти  аксияи таблиғотӣ вобаста ба риояи қоидаҳои шиноварӣ, шино кардан дар мавзеъҳое, ки амнияти бехатарии шинокунандагон кафолат дода шудааст, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронаврус, зери назорати қатъӣ қарор гирифтани кудакон, фарзандони ноболиғ, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон  бо мисолҳои мушаххас фаҳмонида шуда,  китобчаҳо, аёниятҳои таблиғотӣ дар бораи риояи қоидаҳои оббозӣ ва расонидани кӯмаки аввалия ба ғарқшуда,  риояи қоидаҳои беҳдоштӣ баҳри пешгирии паҳншавии бемориии сироятии коронавирус тақсим карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE