Иштироки Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи ШВКХ СААД
19-20 июни соли 2023 дар шаҳри Минск ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи байнииҷлосиявии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки таҳти раёсати ҷониби Беларус баргузор гардид, ширкат варзид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазирон дар сиғаҳои хосса ва васеъ вазъи байналмилалию минтақавӣ ва таъсири онро ба амнияти давлатҳои узви СААД баррасӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба масъалаи мукаммалсозии низоми бӯҳронӣ ва ҷараёни такмили Барномаи мақсадноки байнидавлатии СААД оид ба таҳкими минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону Афғонистон табодули афкор сурат гирифт.
Аз натиҷаи ҷаласа як қатор қарорҳо ба имзо расонида шуда, Изҳороти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви СААД оид ба вазъ дар Афғонистон қабул гардид.
Дар доираи вохӯрӣ роҳбарони мақомоти хориҷиро Раиси Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба ҳузур пазируфт.
Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ дар семоҳаи чоруми соли 2023 дар шаҳри Минск дар остонаи ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД баргузор мегардад.