Олимпичиёни тоҷик дар бозиҳои Берлин бо ду медали тилло мушарраф гардиданд

Варзишгарони тоҷик Абдулҳамид Эмомов ва Нисора Сафарова дар Бозиҳои махсуси ҷаҳонии тобистонаи олимпии Берлин 2023 (Special Olympics World Summer Games 2023) соҳиби медали тилло гардиданд. Дар ин хусус Сафорати Тоҷикистон дар Олмон хабар медиҳад.

Абдулҳамид Эмомов ва Нисора Сафарова дар сабқатҳо — давидан ба масофаи 200 метр ва тенниси рӯйи миз мақоми аввалро касб намуда, бо медали тилло сарфароз гаштанд.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон бо ҳайати варзишгарон вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ оид ба таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба варзишгарон, рушди соҳаҳои мухталифи варзиш, оммавигардонии он ва тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни аҳолӣ  ёдоварӣ шуд.

АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Олмон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE