Рӯзи шаҳидони Кашмир: Онҳо чӣ гуна қаҳрамонӣ нишон доданд

Имсол 91-умин солгарди Рӯзи шаҳидони Кашмир (Youm-e-Shuhada-e-Kashmir) қайд карда мешавад.  Ҳар сол ин рӯз ба хотираи 21 нафар шаҳиди кашмирӣ, ки дар назди зиндони марказии Сринагар аз ҷониби нерӯҳои Догра Маҳараҷа 13 июли соли 1931 ба ҳалокат расидаанд, бо ҳамдардӣ ҷашн гирифта мешавад. Таърихи ҳукмронии Догра (1846-1947) аз бадрафторӣ ва саркӯб кардани мусулмонони Кашмир аз ҷониби нерӯҳои Догра саршор аст. Мардуми Кашмир зиндагии бадбахтона ба сар мебурданд ва бо онҳо ҳамеша муносибати ғайриинсонӣ доштанд. Онҳо дар занҷирҳои ғуломӣ, меҳнати пурмашақатона, андозҳои вазнин, ҳукми  қатл барои куштани гов ва ғайра побанд буданд. Ҳодисае, ки дар байни нерӯҳои Догра ва кашмириҳо боиси изтироб гардид, манъи мавъиза дар рӯзи иди Қурбон буд. Ин ҳодиса 19 апрели соли 1931 рӯх дода, боиси тазоҳуроти оммавӣ дар шаҳри Ҷамму ва Кашмир гардид, ки тайи чанд рӯз идома ёфт.  Илова ба ин, таҳқири Қуръони Карим аз ҷониби нерӯҳои Догра  нерӯи ин алангаро зиёд кард ва боиси хашм дар саросари музофоти Кашмир гардид. Дар ҷараёни тазоҳурот бисёриҳо бо иттиҳоми фитнагарӣ боздошт шуданд, ки дар миёни онҳо як ҷавони маъруфи кашмирӣ ҷаноби Абдул Қодир низ буд. Нерӯҳои Догра алайҳи ӯ мурофиаро оғоз карданд, аммо онҳо ба норозигӣ ва танқиди азими  ҷамъиятӣ дучор шуданд. Бинобар ин, қарор доданд, ки мурофиаро ба зиндони марказии Сринагар гузаронанд.12 июли соли 1931, дар посух ба иваз шудани мурофиа, эътирозҳои оммавӣ дар тамоми Сринагар оғоз ёфтанд. Рӯзи дигар, 13 июли соли 1931, ҳазорон нафар дар назди зиндони марказии Сринагар ҷамъ омаданд, то шоҳиди мурофиаи Абдул Қодир  бошанд. Зимне, ки мурофиа ҷараён дошт, як ҷавони кашмирӣ аз гирдиҳамомадагон барои расонидани азон бархост ва ин амал неруҳои Дограро ба хашм овард ва онҳо ба сӯи ӯ оташ кушода, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расонданд. Пас аз ин як ҷавони дигар барои идомаи азон аз ҷо бархост, ӯро низ парронданд. Хамин тавр, 22 нафарро ки барои идома додани азон аз ҷо бархостанд, як ба як пайи ҳам парронда ба шаҳодат расонданд.  Дар Сринагар як хафта мотам эълон карда шуд. Ин ходиса тамоми музофотро  ба ларза овард ва аз 13 то 26 июли соли 1931 харакати наклиёт аз Сринагар то Равалпинди (174 км) катъ гардид. Кашмирхо аз он вакте ки кушунхои Хиндустон 27 октябри соли 1947 куввахои мусаллахи худро ба Чамму ва Кашмир зуран фуроварда, сарзамини онхоро тасарруф мекарданд, муборизаи худро бахри истиклолият огоз карданд. Ҷанг ба сабаби задухӯрдҳои байни муборизони озодии Кашмир ва сарбозони Ҳинд ба хушунат табдил ёфт, ки дар натиҷа талафоти зиёд ба амал омад. Аз ин рӯ, Ҳиндустон аввалин шуда, ин масъаларо ба Шӯрои Амнияти СММ бурд ва хостори оташбаси фаврӣ шуд. Дар натиҷа, дахолати Созмони Милали Муттаҳид 1 январи соли 1949 бо оташбас ба даст омад ва пас аз он қатъномаҳои СММ дар бораи баргузории плебисцит дар Кашмир мувофиқи ҳуқуқи бунёдии Кашмириҳо ба худмуайянкунӣ даъват карда шуданд. Айни ҳол Ҳиндустон 900 000 сарбозро ба Чамму ва фиристодааст. Ба иттилои расонаҳои покистонӣ, Покистон ва кашмирихо шаҳидони кашмириро, ки бо фидокорихои бузургтарини худ муборизаи истиклолияти Кашмирро бо курбонихои олии худ мукаддас донистанд ва ба наслхо илхом мебахшанд, хеле арҷгузорӣ мекунанд.

Баҳруллои Маҳмадшариф

Радиои Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE