Мавлуд Човушоғлу дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт

 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлу имрӯз дар доираи сафари расмии худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба  майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе ташриф оварда, бо арзи эҳтиром бар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт.

Дар ин маросим Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Мавлуд Човушоғлуро шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Дар назар аст, ки имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркияро дар чаҳорчӯби сафари расмии мазкур ба ҳузур пазиранд.

Ҳамчунин Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва дигар шахсони расмӣ бо роҳбари ҳайати Туркия мулоқотҳо анҷом медиҳанд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE