ГРАН-ПРИИ ДУШАНБЕ-2024. Федератсияи байналмилалии ҷудо рӯзҳои баргузории мусобиқаро тасдиқ намуд

Федератсияи байналмилалии ҷудо тақвими мусобиқоти соли 2024-ро тасдиқ намуд, ки дар он рӯзҳои баргузории Гран Прии Душанбе низ маълум шуданд, хабар медиҳад ба  Федератсияи байналмилалии ҷудо.

Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо, мусобиқа рӯзҳои 3-5 майи соли 2024 баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар Гран Прии Душанбе — 2023, ки бори аввал дар Тоҷикистон баргузор шуд, 315 варзишгар аз 40 давлати дунё иштирок намуданд.

Аз рӯи натиҷаи мусобиқаи Гран Прии Душанбе — 2023 мунтахаби ҷудои Тоҷикистон мақоми аввалро касб намуд. Варзишгарони мо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷиро ба даст оварданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE