Испания: Рақобат барои дарёфти унвони қаҳрамонӣ шиддат мегирад
Дар доираи рақобатҳои даври 29-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол дастаи пешсафи мусобиқа “Атлетико” ба шикаст рӯ ба рӯ шуд. “Реал Мадрид” бошад, бо истифода аз фурсати камбудӣ имтиёзҳояшро аз рақибаш камтар кард. Дар ҳамин ҳол, талош барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ дар ин кишвар миёни се дастаи аввали ҷадвал шадидтар мешавад.
Дастаи пешсафи мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол “Атлетико Мадрид” дар доираи бозиҳои даври 29-уми мусобиқа меҳмони тими “Севиля” гардид. Вохӯрии дастаҳо дар майдони “Рамон Санчес Писхуан” доир гардида, бо натиҷаи минималии 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт. Ҳанӯз дар дақиқаи 8-уми рақобат мизбонон имкон доштанд, то дар ҳисоб ба пеш бароянд.
Довари бозӣ пас аз он ки футболбози «Атлетико» қоидаи бозиро вайрон кард, ҷониби дарвозаи Ян Облак ҷаримаи 11-метра таъйин намуд, аммо зарбаи ҳамлагари «Севиля» – Лукас Окампосро дарвозабони мадридиҳо бидуни мушкилӣ бартараф кард. Қисми аввали бозӣ бидуни гол ҷамбаст гардид.
Ягона голи бозиро дар дақиқаи 70-уми майдондорӣ муҳофизатгари «Севиля» – Маркос Акуня ба ҳадаф расонида, ғалабаи дастаашро таъмин кард. Пас аз ин пирӯзӣ мизбонон 58 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи 4-уми ҷадвали чемпионати Испания мавқеи худро мустаҳкам намуданд. Шогирдони Диего Семеоне бошанд бо доштани 66 имтиёз ҳанузам пешсафиро дар чемпионат дар ихтиёр доранд.
Аммо дар ҳамин ҳол дар доираи даври навбатии рақобатҳои Ла Лига рақиби тими Атлетико дар пойгаи қаҳрамонӣ Реали Мадрид бо истифода аз фурсати муносиб пирузӣ ба даст оварда камбуди имтиёзҳояшро аз тими пешсаф то ба се адад кам кард. Дар ин даври рақобатҳо дастпарварони Зайниддин Зидан дар майдони худ тими Эйбарро пазироӣ намуда, онро бо ворид кардан иду голи беҷавоб ба шикаст ру ба ру карданд. Голҳои дастаи шоҳиро Асенсио ва Бензема муалифӣ намуданд.
Пас аз ин пирузӣ шумораи имтиёзҳои дастаи Реал ба 63 адад баробар шуда, ин даста дар мавқеи дуюм ҷой гирифтааст. Эйбар бошад бо 23 имтиёз ба сегонаи охири ҷадвал шомил аст.
Барселона, ки то ҳанӯз 28 дидор анҷом додааст, дар ҳисобаш 2 имтиёз дошта, мавқеи сеюмро дар ҷадвал ишғол намудааст. Дар сурати пирузӣ бар тими “Валядолид”, ки шоми имрӯз дар доираи рақобатҳои даври 29-уми “Ла – Лига” сурат мегирад, каталониҳо метавонанд аз “Реал” пеш гузашта, камбудии имтиёзҳои худро аз тими пешсаф то ба 1 адад расонанд.
Дар доираи рақобатҳои даври 29-уми мусобиқаи қаҳрамонии Испания оид ба футбол ҳамчунин дастаҳои “Селта” бар “Алавес”, “Кадис” бар “Валенсия”, “Уеска” бар “Леванте” ва “Виляреал” бар “Гранада” пируз омаданд. Дидори дастаҳои “Элче” – ву “Бетис” ва “Осасуна” – ву “Хетафе” бо натиҷаи мусовӣ ҷамбаст шуданд.
Дар доираи ин даври “Ла – Лига” ҳамчунин дидори дастаҳои “Реал Соседа” ва “Атлетик” санаи 7-уми апрел дар назар дошта шудааст.
Мижгон РАҲМОНЗОДА,
“Садои Душанбе”