Медали биринҷии Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов аз мусобиқаи «Taekwondo Beirut Open»
Варзишгари шинохтаи тоҷик оид ба таэквондо ВТФ Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар мусобиқаи байналмилалии «Taekwondo Beirut Open» сазовори медали биринҷӣ шуд. Дар ин бора аз Федератсияи таэквондо ВТФ-и Тоҷикистон хабар доданд.
Тибқи иттилои манбаъ, Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар вазни -80кг дар ду давр бар варзишгарони Нигерия (Итику Петер Осаро), Қазоқистон (Нурлан Мирзобоев) дастболо шуд, вале дар нимфинал аз варзишгари Ӯзбекистон Никита Рафалович мағлуб ва ҷои сеюмро сазовор шуд. Дигар варзишгаронамон — Шоҳрух Баротов (вазни -58кг), Муҳаммадҳусейн Шоҳмаҳмадов (-68кг), Хуррам Меҳтаршоев (-74кг), Муниса Ойматова (-49кг) ва Муниса Исматова (-62кг) дар даврҳои аввал аз ҳарифонашон мағлуб шуданд.
Мавриди зикр аст, ки мусобиқаи мазкур дар идомаи Чемпионати Осиё оид ба таэквондо (16-18 июн) 19-21 июн бо иштироки варзишгарони 28 давлати ҷаҳон баргузор шуд.